35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
ВАҲДАТ, 01.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди 12 муассисаи таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат биноҳои иловагӣ бо теъдоди 106 синфхона, 10 ҳуҷраи корӣ, 1 ошхона ва дар деҳаи Амоншайхӣ кӯдакистони хусусӣ барои 180 нафар мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат иттилоъ доданд, дар айни замон сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таълимии деҳаҳои Амоншайхӣ, Кӯҳдоман, Солеҳон, Шоразм, Шеробод, Гирдоб, Ҷепи солеҳ, Шаҳдрез, Ҷартеппа, Ҷавонон, Ҳайталӣ, Боғи мирӣ ва Девдара бо муҳайё намудани 5088 ҷойи нишаст дар ду баст дар арафаи анҷом буда, дар соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва соҳибкорону сокинони саховатпеша, шарикони рушд ва муҳоҷирони меҳнатӣ бунёд мегарданд. Имрӯзҳо сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои асосии мактабҳои нав дар зиёда аз 14 деҳаи ҳудуди шаҳри Ваҳдат оғоз гардида, дар муҳлатҳои муайянгардида ба истифода дода мешавад.
Дар соли таҳсили 2026-2027 муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат 11 ҳазору 280 хонандаро ба синфи якум қабул намуданд. Дар соли 2026 синфи 11-ро 6187 нафар хатм намуда, 1800 хонандаи синфи нуҳ ба муассисаҳои миёнаи касбӣ дохил шуданд. Мувофиқи ҳисоботи фаврӣ, дар соли таҳсили 2026-2027 зиёдшавии хонандагон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат 3293 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Ваҳдат яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ мегардад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд






