35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ — 35 СОЛИ ШУКУФОӢ БО НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ «РОҒУН». Таҳти чунин унвон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 15, 2026 16:35

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «35 соли Истиқлол — 35 соли шукуфоӣ бо НБО-и «Роғун» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони иншооти бузурги аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад.

Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳои васеи созандагиро фароҳам оварда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ дар саросари мамлакат вусъат пайдо карданд.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, рушди иқтисоди миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои устувор барои пешрафти соҳаҳои гуногун нақши муҳим дорад.

Дар чорабинӣ саҳми созандагону мутахассисон, муҳандисон, коргарон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузурги миллӣ саҳм мегузоранд, махсус таъкид гардида, меҳнати фидокоронаи онҳо ҳамчун намунаи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин дар доираи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаш гардида, ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҳукмфармо буд.

Таъкид гардид, ки «Роғун» танҳо як неругоҳ нест, балки рамзи иродаи созанда, ваҳдат, сарҷамъӣ ва азму талоши мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ мебошад.

Чорабинии тантанавӣ дар фазои баланди идона баргузор гардида, иштирокчиён бори дигар аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши созандагони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар рушди Тоҷикистони азиз изҳори ифтихор намуданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи иарказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Сентябрь 15, 2026 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад