35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 театри халқӣ, 2 театр-студия, 5 амфитеатр ва 18 театри касбӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Аминзода иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 1991 дар Тоҷикистон 15 театр фаъолият мекард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад».
Бахшида ба 35 соли Истилолияти давлатӣ 24 августи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бинои муҳташаму бошукуҳи Театри миллӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Театри миллӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманду беназир ба мардуми Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар арзёбӣ гардид.
Театри миллии Тоҷикистон бо тарҳи нодир, меъмории муосир ва ороиши миллӣ дар маркази пойтахт қомат афрохта, ба яке аз бузургтарин ва зеботарин муассисаҳои театрии минтақа табдил ёфтааст. Сохтмони ин қасри бузурги фарҳангӣ 11 сол қабл оғоз ёфта буд, яъне 17 марти соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ хишти аввали Театри миллии Тоҷикистонро гузошта, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд. Бинои Театри миллӣ аз 7 ошёна – ду ошёнаи зеризаминӣ ва панҷ ошёнаи рӯизаминӣ иборат буда, баландии он ба 35 метр мерасад. Он дорои се толори асосӣ ва шумораи зиёди толору ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Толори асосӣ барои 2500 тамошобин пешбинӣ гардидааст. Баландии толори асосӣ 18 метрро ташкил дода, тарҳи он бо назардошти талаботи муосири санъати саҳнавӣ таҳия шудааст. Дар баробари толори асосӣ ду толори дигар низ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, конфронсҳо ва консертҳо пешбинӣ гардидаанд. Яке аз онҳо 1000 ҷойи нишаст дошта, толори конференсия барои 1115 нафар пешбинӣ гардидааст.
Дар бинои театр ҳуҷраҳои тамрини сарояндагон ва гурӯҳҳои ҳамсароён, коргоҳҳои пардоздиҳӣ, либосдӯзӣ ва пойафзолдӯзӣ, утоқҳои равшанидиҳӣ, студияҳои сабти аудио ва видео ва дигар бахшҳои зарурӣ ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаҳои гуногуни бино ҳуҷраҳои кории маъмурият, осорхонаи театр, ҷой барои намоиши мусаввараҳо, толорҳои қабули меҳмонони олиқадр, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти хизматрасон мавҷуданд. Театри миллӣ бо 17 лифти мусофирбару боркаш ва 6 эскалатор таъмин гардида, барои меҳмонон меҳмонхона бо 136 ҷойи хобу истироҳат низ пешбинӣ шудааст.
Театр дар тарбияи маънавии ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, бунёди чунин қасри бузурги фарҳангӣ шаҳодати таваҷҷуҳи хос ба рушди санъат ва эҷоди шароити мусоид барои аҳли фарҳанг мебошад.
Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ якчанд муассисаҳои нави театрӣ таъсис ёфта, биноҳои театрҳои мавҷуда таъмиру навсозӣ гардиданд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






