35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад

Сентябрь 6, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Хатлон дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 декабри соли 1992 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис дода шуд. Вилоят дар айни замон аз 4 шаҳр, 24 ноҳия ва 133 ҷамоат иборат мебошад. Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят заминаҳои мустаҳками рушди босубот ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ фароҳам оварда шуданд. Хатлон ҳамчун яке аз вилоятҳои калонтарин ва аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ муҳими мамлакат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзанда мегузорад. Татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба рушди минтақа такони ҷиддӣ бахшид. Масоҳати вилоят 24,7 ҳазор километри мураббаъ буда, аҳолии он қариб ба 3 миллиону 879 ҳазор нафар мерасад. Қисми зиёди аҳолии мамлакат дар ҳамин минтақа зиндагӣ ва фаъолият дошта, рушди иқтисодии вилоят ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат таъсири бевосита мерасонад.

Соҳаи саноат

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии вилояти Хатлон рушди саноат ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мебошад. Агар соли 1991 дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2010 ба 259, соли 2020 ба 619, соли 2022 ба 719, соли 2023 ба 822, соли 2024 ба 874 ва соли 2025 ба 912 корхона расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ афзоиш ёфта, соли 2025 ба 13 миллиарду 980 миллион сомонӣ расид.

Дар вилояти Хатлон корхонаҳои истеҳсоли семент, коркарди пахта, ресандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо ашёи хоми маҳаллӣ коркард шуда, маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ истеҳсол мегардад. Корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Водии Заррин», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷунтай Моҳир Семент», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаксин Ғаюр Семент», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» дар рушди иқтидори саноатии минтақа саҳми назаррас мегузоранд. Дар панҷ моҳи соли 2026 аз ҷониби шахсони воқеӣ 27 ҳазору 896 ва аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ 2 ҳазору 970 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ

Вилоят ҳамасола 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузорад. Соли 2024 дар вилояти Хатлон истеҳсоли беш аз 1 миллиону 124 ҳазор тонна ғалладона ва лӯбиёгиҳо, 250,5 ҳазор тонна картошка, 164,8 ҳазор тонна пахта, зиёда аз 2 миллион тонна сабзавот, 879,8 ҳазор тонна полезӣ, 366,1 ҳазор тонна мева ва 132 ҳазор тонна ангур таъмин гардид. То 1 январи соли 2026 дар вилоят 75 ҳазору 368 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст. Хатлон имрӯз на танҳо минтақаи пешрафтаи кишоварзӣ, балки яке аз асоситарин таъминкунандагони бозори озуқавории мамлакат мебошад.

Бунёду навсозии иншоот

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бунёду навсозии 6260 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда буд. То 1 июли соли 2026 иншооти сохташуда ва аз таъмири асосӣ баровардашуда ба 7706 адад расида, нақша 123,1 фоиз иҷро гардидааст. Дар натиҷаи мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот 5010 ҷойи нави кор таъсис дода шудааст.

Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, пулҳо, марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоот симои шаҳру ноҳияҳои вилоятро тағйир дода, барои беҳтар шудани шароити зиндагии мардум замина фароҳам овардааст.

Инфрасохтор ва роҳҳои нави рушд

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди роҳҳо, энергетика, нақлиёт ва дигар бахшҳои инфрасохторӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Таҷдиди роҳҳои Душанбе–Бохтар, Бохтар–Данғара, Кӯлоб–Муъминобод, Кӯлоб–Шамсиддини Шоҳин ва Кӯлоб–Зиғар барои рушди иқтисодӣ ва беҳтар шудани робитаҳои нақлиётӣ аҳамияти бузург дорад. Дар баробари ин, иншооти бузурги энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Сарбанд», нақби «Шар-Шар» ва дигар иншооти стратегӣ ба таҳкими иқтидори иқтисодии минтақа ва кишвар мусоидат намудаанд.

Аз соли 1991 то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон сохтмон ва таҷдиди зиёда аз 450 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ анҷом дода шудааст. Ин раванд барои густариши фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар шудани муҳити сармоягузорӣ ва пайвастани минтақаҳо ба марказҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Соҳаи маориф

Дар вилоят имрӯз 1399 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва коллеҷ, инчунин муассисаҳои фарҳангӣ ва тандурустӣ фаъолият мекунанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон якчанд муассисаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла Литсейи президентӣ барои ятимон дар ноҳияи Кӯшониён, гимназия-интернат дар ноҳияи Данғара, гимназияи давлатӣ дар шаҳри Норак, Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилояти Хатлон ва Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар сохта, ба истифода дода шуданд.

35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Хатлон давраи бунёдкорӣ, таҷдид ва рушди имконият гардид. Марҳилаи нав — марҳилаи истифодаи самараноки дастовардҳо ва гузоштани қадамҳои боз ҳам устувор ба сӯи рушди муосир фаро расидааст. Хатлон бо замини ҳосилхез, захираҳои иқтисодӣ ва мардуми меҳнатдӯсташ дар ободии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда мегузорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 6, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст