35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ДУШАНБЕ, 09.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият беҳтарин неъмат барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад, зеро дар он арзиши олии ватану ватандӯстӣ ва давлатсозию давлатдорӣ таҷассум меёбад. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 35 тавсифи пурарзиши истиқлолро аз андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамоем.
— Имрӯз мардуми шарифи ҷумҳурӣ хуб дарк кардаанд, ки ҳама пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд.
***
Дар вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир ҳар шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки аз баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо ба чӣ неъмати бузурге мушарраф гардидем.
***
Баъди барқарорсозии сулҳу субот мо тамоми кӯшишро ба ташкили сохтори мукаммали идоракунӣ, ҳукумати босалоҳият, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ тибқи меъёрҳои муосир равона сохтем.
***
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардид.
***
Дар натиҷа мо давоми беш аз се даҳсола ба дастовардҳое ноил гардидем, ки рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.
***
Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати «дарҳои кушода» боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи байналмилалӣ гардид.
***
Яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар давлати соҳибистиқлол сохтмон ва бунёдкорӣ мебошад.
***
Шароиту воқеияти нав ва вазифаҳое, ки истиқлолияти давлатамон пеш гузошт, зарурати таҳияи стратегияи инкишофи илмро тақозо мекунанд.
***
Давоми солҳои истиқлолият тавассути амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ ва сафарбарсозии тамоми захираву имконият сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб баланд бардошта шуд.
***
Иқдоми бузурги созандагиву бунёдкорие, ки дар Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардиданд, албатта, бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар, шарифу сарбаланд ва соҳибхираду соҳибэҳтироми тоҷик анҷом дода шуданд.
***
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандӯстии мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардонидани давлат неру мебахшад.
***
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд.
***
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд карда шуданд.
***
Аз лаҳзаҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ давлати мо ба манзури пешбурди робитаҳои созанда бо кишварҳои олам ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ фаъолона иштирок дорад ва аз ҳамкории бисёрҷониба пуштибонӣ мекунад.
***
Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандӯстии миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.
***
Мо минбаъд низ бояд бо муттаҳидиву сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаву созанда сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо менамоем ва тамоми имконияту иқтидорамонро ба хотири рушди давлати соҳибистиқлол ва болоравии обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ раовна менамоем.
***
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки истиқлоли давлатӣ муқаддастарин ва бузургтарин дастоварди халқи Тоҷикистон, бебаҳотарин неъмати зиндагии мо, мояи ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси хурду бузурги мамлакат ва сарчашмаи тамоми пешрафту комёбиҳои мардуми шарифи мамлакат мебошад.
***
Раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ – бузургтарин неъмати зиндагиамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ҳамеша ҳушёру омода бошем.
***
Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне дастовардҳои истиқлоли давлатӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем.
***
Дар шароити басе мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад.
***
Муқаддас доштани истиқлоли давлатӣ, ба ҷо овардани шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёр вазифа ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
***
Мо аз неъмати истиқлолу озодӣ шукрона мекунем, ки бо шарофати он то ба имрӯз дар тамоми гӯшаву канори давлати маҳбубамон ҳазорон иншооти хурду бузург, аз ҷумла муҷассамаи бошукуҳи «Истиқлол»-ро бунёд кардем.
***
Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.
***
Бигузор, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз бошанд!
***
Бигузор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад!
***
Зарур аст, ки мардуми мо, бахусус, насли ҷавони мамлакат андешаи истиқлоли миллиро ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири ҳаёт ва ҳастии худ, меҳвари нангу номус ва ҳувияту ғурури миллӣ шуморида, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари он саъю талош намоянд.
***
Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.
***
Қадру қимати Ватани азиз–Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем.
***
Маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд.
***
Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзуи деринаи халқи мост, инчунин лаҳзаи андеша ва таҳлили масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.
***
Болоравии ҳувият, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандӯстии мардум, алалхусус наврасону ҷавонони мо дигар дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
***
Хурду бузурги ҷумҳурӣ бояд аҳаммият ва зарурати ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷиконро амиқан дарк намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки ҳар иқдому ташаббусе, ки мо имрӯз анҷом медиҳем, барои халқи Тоҷикистон ва фардои ободи фарзандонамон, яъне наслҳои оянда мебошад.
***
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.
***
Истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдати миллӣ роҳи моро ба сӯи амалӣ гардонидани дигаргуниҳои бунёдии ҷамъиятиву сиёсӣ боз намуд.
***
Ҳоло бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳама корҳои азими созандагиро, ки то имрӯз дар мамлакати маҳбубамон амалӣ намудем, бо номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додаем.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАРАНДАҲОИ МУҲОҶИР. Ҳудуди Тоҷикистон яке аз масирҳои асосии кӯчиши парандагон дар Осиё аст
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






