350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд

Сентябрь 17, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон 350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Корея.

Пешвои миллат баён намуданд, ки шумораи хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари дӯст сол ба сол меафзояд.

«Ба ин манзур мо алоқаманди зиёд кардани шумораи бурсияҳои таҳсилотии Ҷумҳурии Корея барои ҷавонони Тоҷикистон ҳастем», -изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Таъкид карда шуд, ки таъсиси  марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир дар ин самт мебошанд.

«Мо иқдомҳои хайрхоҳонаи дӯстонамонро дар Ҷумҳурии Корея баланд қадр мекунем ва хоҳони идомаи тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ҳастем»,- изҳор доштанд Сарвари давлат.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони дар шароити муосир рақобатпазир заминаи устувор мегузорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд