«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад

Сентябрь 17, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷаҳони сирк дилҳоро муттаҳид мекунад!» Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз гардида, то  20 сентябр идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фестивал бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ҳадафи баргузории фестивал таблиғи санъати сирк, мусоидат ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисони соҳа ва тақвияти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ мебошад.

Дар фестивал ҳунармандони сирк аз 13 давлати ҷаҳон- Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Арманистон, Русия, Беларус, Маҷористон, Булғористон, Муғулистон, Ветнам, Чин ва Олмон иштирок менамоянд.

Дар доираи фестивал барои дӯстдорони ин намуди ҳунар барномаҳои гуногуни сиркӣ пешниҳод мегарданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид