Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17–18 сентябр дар шаҳри Москва Конфронси байналмилалии «Таҷрибаҳои беҳтарини истифодаи захираҳои зеризаминӣ: ҳолати заминаи захиравӣ, иқтидори рушд ва самаранокии истифода» мегузарад. Дар кори конфронс намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуда, истифодаи самараноки захираҳои минералии мамлакатро муаррифӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз саридора хабар доданд, конфронс бо ибтикори Созмони ҳамкории Шанхай ва Шурои олии кӯҳкории Ассотсиатсияи «Кӯҳканони Русия» баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии чорабинӣ табодули таҷриба дар самти корҳои геологӣ, иктишоф, истихроҷ ва истифодаи оқилонаи захираҳои минералӣ, инчунин баррасии технологияҳои муосир ва дурнамои ҳамкории байналмилалӣ мебошад.
Зимни конфронс масъалаҳои рақамикунонӣ ва автоматикунонии корхонаҳои кӯҳӣ, истифодаи технологияҳои муосири геофизикӣ, моделсозии 3D, ҷустуҷӯ ва арзёбии конҳои маъданӣ дар минтақаҳои душворгузар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар конфронс барои табодули таҷрибаи пешрафта, таҳкими ҳамкории касбӣ ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи геология ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






