Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Сентябрь 23, 2026 14:43

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои масъули соҳаи сайёҳии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ташкилоту муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳо оид ба густариши ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сайёҳӣ, рушди хатсайрҳо ва маҳсулоти муштараки сайёҳӣ, мубодилаи таҷриба, ҷалби сармоягузорӣ, рақамикунонии соҳа ва муаррифии имконоти сайёҳии давлатҳои минтақа баррасӣ шуданд. Инчунин иштирокчиёни ҷаласа оид ба рушди намудҳои афзалиятноки сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии фарҳангӣ-таърихӣ, экологӣ, кӯҳӣ, варзишию деҳотӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонии сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз намуд, ки сайёҳӣ дар таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона байни давлатҳо нақши муҳим дорад. Дар ин раванд рушди ҳамкории минтақавӣ метавонад ба ташкили хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ, афзоиши гардиши сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори соҳа мусоидат намояд.

«Сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар сиёсати давлатӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад»,–афзуд Ҷамшед Ҷумъахонзода.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ буда, барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ-таърихӣ, табобатӣ ва варзишӣ имконияти васеъ дорад. Дар баробари ин, рушди сайёҳӣ метавонад ба таъсиси ҷойи нави кор, рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо ва афзоиши саҳми соҳаи хизматрасонӣ дар иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Дар доираи сиёсати давлатӣ масъалаҳои такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушди инфрасохтор, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, омодасозии кадрҳои соҳавӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии миллӣ аз самтҳои муҳим ба шумор мераванд. Дар ин замина ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон нақши муҳим дошта, иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва механизмҳои ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои табодули таҷриба, пешбурди масирҳои муштараки сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ имконият фароҳам меорад.

Мушовири Департаменти ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Александр Дубковский дар ҷаласа оид ба тамоюлҳои рушди сайёҳӣ, самтҳои ояндадори сайёҳӣ ва ҷараёни татбиқи «Стратегияи рушди ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021–2030» ибрози андеша намуд.

«Солҳои охир сайёҳӣ дар низоми ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодӣ ва гуманитарӣ табдил меёбад. Рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ, истифодаи самараноки мероси фарҳангӣ ва табиӣ, инчунин ташкили маҳсулоти муштараки сайёҳӣ аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд», – баён намуд Александр Дубковский.

Иброз гардид, ки «Стратегияи рушди ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2021–2030» ба таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳо, табодули таҷриба, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, омодасозии кадрҳо ва пешбурди муштараки имконияти сайёҳии кишварҳои иштирокчӣ равона шудааст.

Ба андешаи Александр Дубковский, татбиқи ин стратегия барои Тоҷикистон метавонад имконоти навро барои муаррифии мероси табиӣ ва фарҳангӣ, ташкили хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ ва таҳкими мавқеи мамлакат дар бозори байналмилалии сайёҳӣ фароҳам оварад. Аз ҷумла, рушди масирҳои муштараки сайёҳӣ дар доираи мероси таърихӣ ва фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил метавонад ба зиёд намудани шумораи сайёҳон ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мусоидат кунад.

Дар ҷаласа ҷонибҳо зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба ва истифодаи имконоти мавҷуда барои рушди сайёҳии минтақавиро таъкид карданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2026 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд