Ҳамкории ҳизбӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Тошканд мулоқоти ҳайатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳаракати тадбиркорон ва коршиносон — Ҳизби Либералӣ-Демократии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байниҳизбӣ, табодули таҷриба ва густариши робитаҳои созанда байни ду ҳизби сиёсиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин замина, бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва Раиси Ҳаракати тадбиркорон ва коршиносон — Ҳизби Либералӣ-Демократии Узбекистон Актам Ҳаитов Меморандуми ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳаракати тадбиркорон ва коршиносон — Ҳизби Либералӣ-Демократии Узбекистон ба имзо расид.
Санади мазкур қадами муҳим дар самти ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд, тақвияти робитаҳои байниҳизбӣ ва фароҳам овардани заминаҳои нав барои табодули таҷриба дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди муносибатҳои байниҳизбӣ метавонад ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои ду кишвари ҳамсоя, ки бар пояи дӯстии дерина, ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, саҳми арзанда гузорад.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, кор бо ҷавонон ва занон, инчунин мубодилаи таҷрибаи кории сохторҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки робитаҳои наздик ва ҳамкории созандаи ҳизбҳои сиёсии ду кишвар яке аз воситаҳои муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои Тоҷикистону Узбекистон ба шумор рафта, барои татбиқи ташаббусҳои муштарак ва таҳкими фазои эътимоду ҳамкорӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
“Ба имзо расидани Меморандуми ҳамкорӣ оғози марҳилаи нави ҳамкории байниҳизбӣ буда, барои густариши муносибатҳои судманд ва татбиқи иқдомҳои муштарак заминаи мусоид фароҳам меорад”, — шарҳ доданд аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






