Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромиддин Вализода бо намояндагони ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус вохӯрӣ намуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории дуҷониба, табодули таҷриба ва истифодаи имконияти мавҷуда ба хотири ба роҳ мондани ташаббусҳои нави муштарак суҳбат намуданд.
Ҳамкорӣ байни ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ва ноҳияи Уздаи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ 24 майи соли 2014 ба имзо расид. Дар заминаи ин санади муҳим дар солҳои сипаришуда робитаҳои мутақобили судманд ва дӯстонаи ду ноҳия пайваста таҳким меёбанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи робитаҳои созанда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории бародаршаҳрӣ ва татбиқи иқдомҳои муштарак ибрози омодагӣ намуданд.
Ҳамчунин дар доираи сафари меҳмонони Беларус ба ноҳияи Ёвон ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 бинои иловагӣ ба истифода дода шуд. Дар ин рӯз меҳмонон бо дастовардҳои муассисаи таълимӣ, маҳсули эҷодии хонандагон ва намунаҳои гуногуни таомҳои миллии тоҷикӣ шинос гардиданд.
Инчунин дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Гулибодоми Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Маркази саломатӣ бо ташаббус ва саҳми сокинони маҳал, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва дар заминаи ҳамкории созанда бо ҷомеа бунёд гардида, барои аҳолии деҳаи Гулибодом ва маҳалҳои атроф шароити мусоиди расонидани хизмати тиббӣ фароҳам меорад. Иброз гардид, ки бунёд ва ба истифода додани чунин иншооти иҷтимоӣ дар партави сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои созандагӣ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон










Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд






