Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд

Сентябрь 17, 2026 15:10

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр дар шаҳри Лондони Британияи Кабир мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои дар Ёддошти тафоҳум байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба харитаи роҳи стратегии сармоягузории бисёрсола пешбинишуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо барои боз ҳам тақвият додани ҳамкорӣ дар самти маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон 15 сентябр Файзиддин Қаҳҳорзода бо шарик ва роҳбари самти хизматрасониҳои машваратии ширкати байналмилалии молиявии «Rothschild & Co» Стефан Шарбит мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ ҳамкорӣ дар самти барориши минбаъдаи коғазҳои қиматноки давлатӣ ва истифодаи механизмҳои нави маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, инчунин ба масъалаи беҳтар намудани рейтингҳои байналмилалии қарзии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Мусоҳибон доир ба дурнамои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои мухталиф ибрози андеша намуда, барои таҳияи санади ҳамкорӣ ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2026 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст