Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
ТУРСУНЗОДА, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Турсунзода то 21 августи соли равон аз 350 гектар 7630 тонна картошка ҷамъоварӣ намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар ин муддат кишоварзони шаҳр тавассути истифодаи дурусти заминҳои корам ва технологияи муосири соҳаи кишоварзӣ ҳосили зиёд рӯёниданд. Аз ҷумла, 27900 тонна пиёз, 2822 тонна карам, 17280 тонна помидор, 15675 тонна бодиринг, 1420 тонна сабзӣ, 7600 тонна дигар намуди сабзавот, 3074 тонна маҳсулоти полезӣ, 5061 тонна ангур ва 5319 тонна меваҳои гуногун истеҳсол намуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 21 августи соли 2026 аз шаҳри Турсунзода ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 70 ҳазору 565 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, 57 ҳазору 562 тонна сабзавот, 22 ҳазору 508 тонна пиёз, 14 ҳазору 467 тонна помидор, 13 ҳазору 700 тонна бодиринг, 6887 тонна дигар намуди сабзавот, 2729 тонна мевагӣ, 5351 тонна картошка, 2787 тонна ангур ва 2136 тонна маҳсулоти полезӣ содирот гардидааст.
Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Ин маҳсулот дар сардхонаҳои ҳудуди шаҳр захира карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






