Азим Иброҳим дар Конфронси ҷаҳонӣ доир ба мавқеи Тоҷикистон дар рушди инфрасохтори муосир сухан гуфт

Сентябрь 17, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари маҳсур дар хушкӣ ва воқеъ дар минтақаи стратегии Осиёи Марказӣ рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани иқтидори логистикӣ аҳамияти хос дорад. Чунин иброз намуд Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи сатҳи баланди бисёрҷонибаи Конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026, ки бо иштироки намояндагони воломақом ва шарикони байналмилалӣ аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар Сеул баргузор гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таҳкими ҳамбастагии байналмилалии нақлиётӣ, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи инфрасохтор баррасӣ гардиданд.

Азим Иброҳим зимни суханронӣ мавқеи Тоҷикистонро оид ба аҳамияти рушди инфрасохтори муосир, боэътимод ва устувори нақлиётӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тавсеаи робитаҳои тиҷоратию транзитӣ баён намуд. Дар ин замина, ҷонибдории Тоҷикистон аз густариши ҳамкорӣ бо давлатҳои шарик, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, сармоягузорон, ширкатҳои муҳандисӣ ва бахши хусусӣ таъкид гардид. Ҳамзамон зарурати истифодаи технологияҳои муосир, рақамикунонии соҳаи нақлиёт, рушди низомҳои интеллектуалии нақлиётӣ ва татбиқи ҳуҷҷатгузории электронии нақлиётӣ муҳим арзёбӣ шуд.

Вазир инчунин ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба ҳамбастагии нақлиётӣ ва рушди устувор ишора намуда, аз ҷумла қабули қатъномаи бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳодшуда дар иҷлосияи 82-юми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) дар Бангкокро таъкид намуд. Иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои Тоҷикистон ба хотири муаррифии афзалияти кишвар дар соҳаи нақлиёт, баррасии лоиҳаҳои ояндадори инфрасохторӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ имконияти муҳим фароҳам меорад.

Тоҷикистон ҳамзамон барои рушди минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои нақлиётиву инфрасохторӣ бо шарикони хориҷӣ изҳори омодагӣ менамояд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд