Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд

Сентябрь 23, 2026 08:27

ЁВОН, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бунёду навсозии 561 иншооти таъйиноти гуногун дар нақша буд. Сокинону соҳибкорони ноҳияи Ёвон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ин муддат 649 иншооти таъйиноти гуногунро бо маблағи 704 миллиону 871 ҳазору 86 сомонӣ мавриди истифода қарор доданд, ки нақшаи иҷрои бунёди сохтмон ба 116,6 фоиз баробар гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» мудири бахши сохтмон ва меъмории ноҳияи Ёвон Темур Раҷабзода иттилоъ дод.

Аз 649 иншооти баистифодадодашуда 3 иншоот ба соҳаи истеҳсолоту саноат, 23 иншоот ба соҳаи маориф, 4 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 2 иншоот ба соҳаи варзиш, 566 иншоот ба соҳаҳои иҷтимоию маишӣ рост омада, инчунин 11 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, 39 иншооти обкашӣ ва чанд маркази савдою хизматрасонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 23 муассисаи таълимӣ бо 124 синфхонаи иловагӣ барои 6200 хонанда дар ду баст сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон имрӯзҳо сохтмони зиёда аз 40 иншооти истеҳсолӣ, фарҳангию фароғатӣ, биноҳои баландошёна, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва зиёда аз 15 бинои иловагии муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Сентябрь 23, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд