Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Баъди 35 соли роҳи пурпечутоби давлатсозӣ, мо бо итминон гуфта метавонем, ки Тоҷикистон марҳалаҳои бисёр муҳими рушди давлатдории миллиро паси сар намуда, ба як кишвари соҳибэътимод ва ташаббускори минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин матлаб дар маҷлиси тантанавӣ, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар маҷлиси тантанавӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, акдемик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Махфират Хидирзода иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар ниҳоят муҳим мебошад.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ заминаи мусоидро фароҳам овард, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти қонунгузор 23 қонунҳои соҳавӣ ва беш аз 100 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар самти ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ қабул гаштанд.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар сиёсати экологии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, бо дарназардошти таъсири тағйирёбии иқлим тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиӣ аҳамияти хос дорад. Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ низ ташаббусҳои муҳимро вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера пешбарӣ менамояд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст, ки онҳо барои татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд.
Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди «Рӯзномаи ҷаҳонии пиряхҳо» ва тақвияти иқдомҳои минбаъдаи кишвар дар самти обу иқлим Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатии соҳа дар доираи ҳамкорӣ бо Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера корбарӣ намуд, ки 12 декабри соли 2025 зимни баргузории Иҷлосияи ҳафтуми Маҷмаи Умумии СММ оид ба муҳити зист (UNEA-7) дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения Қатънома дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гардид.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист барои саҳми арзанда ва фаъолона дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ва ҳифзи табиат бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Криосфера ва тағйирёбии иқлим: таҳдидҳо ва роҳҳои мутобиқшавӣ» бо «Диплом» ва «Сипоснома» сарфароз гардиданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






