Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Меҳргон таҳти унвони «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Форум бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили ҷашни бостонии Меҳргон – яке аз ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ва унсури мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид гардидааст, гузаронида мешавад.
Форум ҳамчун майдони бонуфузи байналмилалии муколама ва ҳамкорӣ масъалаҳои рушди сайёҳии устувор, ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, кишоварзии устувор ва амнияти озуқаворӣ, сайёҳии гастрономӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро дар соҳаи сайёҳӣ фаро мегирад.
Дар доираи форум баргузории маросими ифтитоҳ, конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ, экспедитсияи илмию сайёҳӣ, фестивалу намоишгоҳҳои фарҳангию гастрономӣ, олимпиадаҳои байналмилалии донишҷӯён, мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сайёҳӣ ва барномаҳои фарҳангию сайёҳӣ пешбинӣ гардидааст.
Интизор меравад, ки дар форуми байналмилалӣ олимону муҳаққиқон, роҳбарону намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои соҳибкорӣ, коршиносон, намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва фарҳанг иштирок ва маъруза намоянд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






