Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи хизмати давлатӣ ба имзо расонида шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хизмати давлатӣ хабар доданд, Ёддошти тафоҳум шакл ва самтҳои ҳамкории ҷонибҳоро дар соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ бо мақсади таҳким ва нигоҳдории самарабахш ва муассири хизмати давлатӣ муайян мекунад.
Дар доираи татбиқи ин санад масъалаҳои ташкил ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, ташаккули низоми хизмати давлатӣ, баланд бардоштани донишҳои касбии хизматчиёни давлатӣ, омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Инчунин тарафҳо оид ба банақшагирии сиёсат ва татбиқи навоварӣ дар идоракунии захираҳои инсонӣ, аз ҷумла интихоби ҳайат, баҳодиҳии фаъолият, ҷубронпулӣ ва нафақа, татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди захираҳои инсонӣ барои таҳкими шоистасолорӣ ва ғайра ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, ки 16 сентябр дар шаҳри Сеул аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






