Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии ин санад фароҳам овардани заминаи умумӣ ва чандир барои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.
Тибқи санад, ҷонибҳо дар самтҳои мубодилаи иттилоот ва таҷриба оид ба сиёсат ва заминаи ҳуқуқии соҳаи моликияти зеҳнӣ, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ барои тақвияти иқтидори коршиносон, мубодилаи таҷриба дар самти муқовимат ба вайронкунии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамзамон густариши ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати расмиёти бақайдгирии объектҳои моликияти зеҳнӣ, рақамикунонии соҳа, татбиқи технологияҳои нав ва мусоидат ба истифодаи тиҷоратии моликияти зеҳнӣ пешбинӣ шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






