Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад

Сентябрь 5, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон иброз доштанд, ки беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад.

Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки «вилояти Хатлон имрӯз на танҳо яке аз марказҳои асосии иқтисодии мамлакат, балки такягоҳи муҳимми соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон, ки 6491 мегаваттро ташкил медиҳад, беш аз 75 фоизи он дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад.

«Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят якчанд иншооти муҳимми энергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», хатҳои интиқоли барқи «Лолазор-Хатлон» ва «Тоҷикистон-Афғонистон», зеристгоҳҳои муосири барқӣ ва даҳҳо иншооти дигари энергетикӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд»,-иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Назаре ба таърихи НБО «Сангтӯда-1»

Бунёди силсиланеругоҳҳо дар дарёи Вахш ҳанӯз дар замони сохтмонҳои бузурги Иттиҳоди Шуравӣ ба нақша гирифта шуда, соли 1950 оғоз гардид. Аз аввал дар ин дарё сохтмони неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», саргаҳи Вахш ва Марказӣ ба нақша гиририфта шуда буд. «Сангтӯда-1» дар ин байн пас аз «Роғун» ва «Норак» аз лиҳози иқтидор мақоми сеюмро касб менамояд.

Соли 1982 Институти «Лоиҳаҳои гидроэнергетикии ба номи С.Я.Жука» ба коркарди асосҳои техникиву иқтисодии сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда -1» оғоз намуд. Соли 1986 коркарди лоиҳаи сохтмони неругоҳ шуруъ шуд. Ба анҷоми лоиҳакашӣ нигоҳ накарда, моҳи августи соли 1987 сохтмони иншооти давраи омодагӣ (роҳ, хати интиқоли барқ, алоқа ва ғайра) оғоз шуд.

Ибтидои асосии сохтмон, ки соли 1992 дар робита ба пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ мавқуф гузошта шуда буд, фосилае гардид дар самти ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодӣ ва ибтидои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Ҳангоми таваққуфи кор дар сохтмон беш аз 13% -и корҳо ба анҷом расида буданд.

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» оғоз гардиданд. Соли 1996 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сангтӯда» таъсис дода шуд.

Бунёди неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2», оғози татбиқи лоиҳаи  КАСА — 1000, сохтмони иншооти азими аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии «Лолазор», Хати интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи «Лолазор — Хатлон», Зеристгоҳи барқии «Хатлон», Хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб Шимол», ба истифода додани навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки то имрӯз амалӣ гардиданд.

Тибқи арзёбии мутахассисон, захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 527 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мавҷуд мебошанд. Захираҳои об дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муассир доранд. Дар айни замон захираҳои об дар ҷумҳурӣ манбаи асосии истеҳсоли энергия буда, 95 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон тавассути манбаъҳои обӣ -неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Неругоҳҳои ҳавзаи дарёи Вахш, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Сарбанд» қисми зиёди аҳолии мамлакатро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне энергияи «сабз» таъмин менамоянд.

Захираҳои бузурги обӣ ва иқтидори энергияи офтобӣ дар якҷоягӣ бо татбиқи технологияҳои инноватсионӣ метавонад Тоҷикистонро ба мамлакати пешқадам дар соҳаи энергетика табдил диҳад ва ба рушди устувори иқтисодии ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 5, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид