Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»

Сентябрь 8, 2026 11:05

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ баланд бардоштани мақому манзалати зан ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.  Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба  дастовардҳо ва рушди фаъолияти занон дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ суҳбат  намуд.

АМИТ «Ховар»: Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ  дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои зиёд андешида шудаанд. Дар ин давра занону духтарони тоҷик ба чӣ дастовардҳо ноил гаштанд?

Бунафша Файзиддинзода: Давоми 35 соли Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар ин давра заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон тақвият ёфта, барои таъмини баробарҳуқуқӣ ва имконияти баробари мардону занон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Тоҷикистон ҳанӯз 27 декабри соли 1993 аз ҷумлаи аввалин давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуда, Конвенсияи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занонро ба имзо расонид. Соли 1998 «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998–2005» қабул гардид. Қадами муҳимми дигар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» буд.

Баъдан Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001–2010», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2011–2020» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» қабул гардиданд. Ин ҳуҷҷатҳо дар рушди сиёсати давлатӣ оид ба занон нақши муҳим гузошта, барои таҳия ва қабули дигар санадҳои ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ҳамин тавр, сиёсати давлатӣ аз марҳилаи ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ба марҳилаи фароҳам овардани имконияти воқеӣ барои иштироки занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат расид.

АМИТ «Ховар»: Яке аз масъалаҳои муҳим иштироки занон дар идоракунии давлатӣ мебошад. Дар ин самт давоми 35 сол чӣ тағйирот ба амал омад?

Бунафша Файзиддинзода: Дар ҳақиқат, иштироки занон дар идоракунии давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ тадриҷан афзоиш ёфтааст. Агар ба нишондиҳандаҳои солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ назар андозем, соли 1995 дар мақомоти марказӣ 123 зан дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доштааст. Соли 1998 ин нишондиҳанда ба 213 нафар расид.

Ҳоло тибқи маълумоти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 июли соли 2026 аз шумораи умумии 18 ҳазору 921 нафар хизматчии давлатӣ 4 ҳазору 816 нафар ё 25,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Дар сохторҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ низ иштироки занон рӯ ба афзоиш дорад. Аз 6 ҳазору 203 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1 ҳазору 168 нафар ё 18,8 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Имрӯз занони тоҷик дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда фаъолият намуда, дар қабули қарорҳои муҳим саҳм мегузоранд. Ин нишондиҳандаҳо далели онанд, ки дар мамлакат барои пешбарии занони соҳибмаърифат ва соҳибкасб шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

АМИТ «Ховар»: Дар баробари иштироки занон дар хизмати давлатӣ сатҳи иштироки онҳо дар дигар соҳаҳо чӣ гуна аст?

Бунафша Файзиддинзода: Имрӯз саҳми занон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат назаррас мебошад. Шумораи занон дар соҳаи маориф беш аз 74 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 68 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 25,4 фоизро ташкил медиҳад. Зиёда аз 3000 зан дар сохтмон ва ба истифода додани иншооти бузурги мамлакат саҳм гузошта истодаанд.

Занон дар рушди илм низ саҳми назаррас доранд. Тибқи маълумоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар айни замон 2 нафар академик, 3 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳо, 22 нафар доктори илм, 85 нафар номзади илм, 102 нафар магистрант ва 75 нафар доктори PhD аз ҳисоби занон фаъолият доранд.

Ин омор аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат барои занон имконияти васеъ фароҳам оварда шуд.

АМИТ «Ховар»: Яке аз омилҳои асосии баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа таҳсил ва соҳибкасб шудани духтарон мебошад. Дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода шуданд?

Бунафша Файзиддинзода: Воқеан ҳам маориф яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар самти рушди неруи занон мебошад. Таъсиси квотаи президентӣ барои духтарони лаёқатманд, махсусан аз ноҳияҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Он барои соҳибкасб гардидани духтарон аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин муддат 13 ҳазор духтарон тибқи квота донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакатро хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои соли таҳсили 2026–2027 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи квотаи президентӣ 1670 ҷой ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2024–2025     401 ҷой зиёд мебошад.

Солҳои 2025–2026 аз 1110 нафар донишҷӯе, ки тибқи квота хатм намуданд, 600 нафарашон духтарон мебошанд.

Яъне, шумораи духтарону занони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол чандин маротиба афзудааст.

АМИТ «Ховар»: Дар самти рушди соҳибкории занон чӣ натиҷаҳо ба даст омадаанд?

Бунафша Файзиддинзода: Дастгирии соҳибкории занон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷалби занон ба касбу ҳунаромӯзӣ, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, заргарӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намудҳои соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Яке аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат дар солҳои соҳибистиқлолӣ таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2006 Ҳукумати мамлакат қарор қабул намуд, ки тибқи он 20 гранти президентӣ – 10 грант ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва 10 грант ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ барои солҳои 2006–2010 барои занону духтарон ҷудо гардид. Ин иқдом дар он давра дастгирии муҳим ба ҳисоб мерафт, зеро имконияти молиявии занон маҳдуд буд.

Аз соли 2011 то 2013 ҳамасола бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 1 миллион сомонӣ барои 40 лоиҳаи мақсаднок ҷудо карда мешуд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 теъдоди грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 миллион сомонӣ ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд. Аз соли 2016 то соли 2022 аз ҳисоби маблағҳои гранти президентӣ ба 480 нафар занон маблағҳои бебозгашт дар ҳаҷми 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бо мақсади таъмин намудани занон бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ҷудо гардиданд.

Дар ин давра беш аз 6200 нафар занони хонанишин бо ҷойи нави кор таъмин ва ба шуғлу касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Бо ташаббусу ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии минбаъдаи соҳибкории занон соли 2024 маблағҳои грантӣ аз 2,5 миллион сомонӣ ба 5 миллион сомонӣ расонида шуданд. Ин иқдом на фақат ба баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо, балки ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидани занону духтарон ва таъмини онҳо бо ҷойи кори доимию мавсимӣ мусоидат менамояд.

Аз соли 2006 то соли 2025 45 миллону 460 ҳазор маблағи грант ба 1 ҳазору 395 нафар занон ҷудо гардида, 6 ҳазору 833 ҷойҳои корӣ таъсис дода шудааст.

Барои ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтан ва дастгирии минбаъдаи фаъолияти соҳибкорию ҳунармандии занон, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 адад ва 15 миллион сомонӣ расонида шуданд. Яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.

Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд.

Бояд гуфт, ки тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, теъдоди занони соҳибкор дар сатҳи ҷумҳурӣ ба 108 ҳазору 707 нафар расидааст.

Дар даҳ соли охир, яъне солҳои 2015 – 2024 барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.

Фароҳам овардани шароит барои фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси ҷойи нави кор, рушди хоҷагиҳои ёрирасон ва ҷалби занон ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии оилаҳо мусоидат менамояд.

Тадбирҳои андешида нишон медиҳанд, ки сиёсати дастгирии занон дар Тоҷикистон марҳила ба марҳила беҳтар гардида, ҳадафи асосии он фароҳам овардани имконияти воқеӣ барои рушди қобилият, таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии занону духтарон мебошад.

АМИТ «Ховар»: Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими институти оила ва ҳифзи ҳуқуқи занон кадом санадҳои муҳим қабул гардиданд?

Бунафша Файзиддинзода: Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими институти оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва таъмини баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқӣ ташаккул ёфт. Аз ҷумла, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», инчунин «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва дигар санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Барои татбиқи амалии ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар ин самт «Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024–2028» ба таҳкими институти оила, баланд бардоштани мақоми оила дар ҷомеа, беҳтар намудани маърифати ҳуқуқию иҷтимоии аъзои оила, таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ ва пешгирии омилҳои ба мушкилоти иҷтимоӣ ва пошхӯрии оилаҳо мусоидаткунанда равона шудааст. Дар доираи он ба тарбияи фарзанд, баланд бардоштани масъулияти падару модар, ҳифзи манфиатҳои кӯдак ва таҳкими арзишҳои оилавӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Қабули чунин санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон, таҳкими институти оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи занону духтарон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ин заминаи ҳуқуқию барномавӣ барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва татбиқи пайвастаи сиёсати давлатӣ дар самти оила ва занон мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо муҳимтарин дастоварди сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ кадом аст?

Бунафша Файзиддинзода: Ба андешаи ман муҳимтарин дастоварди занони тоҷик дар ин давра ин аз доираи қолабҳои шахшудаи анъанавӣ берун омадан ва ба яке аз неруҳои фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфтани зан–модари тоҷик мебошад. Имрӯз зан дар Тоҷикистон метавонад таҳсил кунад, соҳиби касб гардад, соҳибкорӣ намояд, ба фаъолияти илмӣ машғул шавад, дар хизмати давлатӣ фаъолият кунад ва дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ қарор қабул намояд.

Албатта, ҳадаф танҳо зиёд намудани шумораи занон дар вазифаҳо нест. Муҳим он аст, ки занон бо донишу малакаи касбӣ ва масъулияти баланд дар рушди давлат саҳм гузоранд. Аз ин рӯ, дастгирии занон на танҳо масъалаи таъмини ҳуқуқу имконияти онҳо, балки сармоягузорӣ ба рушди ояндаи ҷомеа ва давлат мебошад.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо бо такя ба таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ барои солҳои оянда кадом вазифаҳо дар самти баланд бардоштани нақши занон афзалиятнок мебошанд?

Бунафша Файзиддинзода: Дар солҳои минбаъда мо бояд, пеш аз ҳама, ба рушди неруи инсонӣ ва зеҳнии занон таваҷҷуҳи бештар диҳем. Баланд бардоштани иштироки занон дар хизмати давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, рушди соҳибкории занон, дастгирии таҳсил ва касбомӯзии духтарон, ҷалби бештари занон ба илм ва технологияҳои муосир, таҳкими институти оила ва пешгирии зӯроварӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошанд.

Тибқи ҳадафҳои пешбинишуда, то соли 2030 бояд иштироки занон дар хизмати давлатӣ ва сохторҳои роҳбарикунанда боз ҳам афзоиш ёбад. Аз ин рӯ мо бояд дар ин самт кор кунем.

Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ҷалби духтарон ба илмҳои дақиқу техникӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва соҳаҳои нави иқтисод низ бояд ба самти афзалиятнок табдил ёбад.

Ҳамчунин зарур аст, ки занони ҷавон, бахусус духтарони деҳот ва минтақаҳои дурдаст барои таҳсил, касбомӯзӣ, соҳибкорӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ имконияти бештар пайдо кунанд.

Мо мехоҳем, ки таҷрибаи занони муваффақ барои насли ҷавон ҳамчун намуна хизмат кунад ва духтарон бештар ба таҳсил, касбомӯзӣ, фаъолияти илмӣ, соҳибкорӣ ва хизмати давлатӣ ҷалб гарданд.

35 соли Истиқлолияти давлатӣ барои занони Тоҷикистон давраи таҳкими ҳуқуқу озодиҳо, фароҳам омадани имконияти нав, рушди маърифату касбият ва ба неруи фаъоли созандаи ҷомеа табдил ёфтани онҳо мебошад.

Мо итминон дорем, ки бо идомаи сиёсати созандаи давлат ва дастгирии минбаъдаи занону духтарон саҳми онҳо дар рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Мусоҳиб Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2026 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази миллии патенту иттилоот ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дилноза Аҳмадзода: «Истиқлолият заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди Тоҷикистон гардид»
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад