«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ иборат аз 77 ошёна ва 340 метр баландӣ бунёд карда мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, 3 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди ин иншоот дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сангӣ асос гузоштанд.
Маҷмааи меъморӣ, ки аз 52 силсилаи иншоот, аз ҷумла 5 бурҷи баланд иборат хоҳад буд. Бурҷи аз ҳама бузурги он «Бурҷи Душанбе» номида хоҳад шуд. Ин маҷмаа бо чунин бурҷҳои азим ва калонтарин маркази савдо (mall) дар кулли минтақа камназир хоҳад буд.
Маҷмаа дорои меҳмонхона, қаҳвахона, тарабхона, нуқтаҳои тиҷоратию хизматрасониҳои гуногун, ҳуҷраҳои корӣ, толори консертӣ бо 1000 ҷойи нишаст, толори намоиши кино, маркази савдою фароғат, ҷой барои бозии кӯдакон, макони дилфаро барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, толори варзишӣ, боғ ва кӯл хоҳад буд.
Намои берунаи биноҳо мувофиқ ба талаботи брендҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад. Дар ин маҷмааи муҳташам намунаи маҳсулоти брендӣ ва хӯроку хизматрасониҳои ҷаҳонӣ ҳам пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мегардад.
Дар доираи лоиҳаи муосир 42 бинои истиқоматӣ бо 6160 манзили зист, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 хонанда ва кӯдакистон барои 500 кӯдак сохта мешавад.
Дар маҷмуъ баъди татбиқи пурраи лоиҳа дар ин гӯшаи шаҳри Душанбе бо пешниҳоди беҳтарин шароити кору хизматрасонӣ ва зист дар майдони 29 гектар шаҳраки зебою замонавӣ бо масоҳати умумии 270 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, зиёда аз 4300 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.
Зиёда аз 2000 бинокори маҳаллӣ дар вақти сохтмони ин маҷмааи азим, ки дар муҳлати 5 сол бояд ба анҷом расад, ба кор ҷалб мегарданд.
Умуман, ин баландтарин иншоот дар минтақа хоҳад буд, ки дорои самтҳои васеи кору хизматрасонӣ гашта, бо афзалият ба идоракунии технологии рақамӣ бо назардошти тараққиёти минбаъдаи пойтахти кишвар дар он барои тиҷорат, истироҳат, зиндагӣ ва саёҳат шароити муосир фароҳам оварда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






