Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Сентябрь 22, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 22.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши CARINFONET (Central Asian Republics Information Network) бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон — tandurusti.tj муаррифӣ гардид.

Инчунин имконият ва таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ташаккули низоми ягонаи иттилоотии тандурустӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш табодули таҷриба, рушди идоракунии маълумоти тандурустӣ, таҳлили рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар қабули қарорҳои идоракунӣ мебошад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 22, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид