Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 17, 2026 13:48

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус, Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус,  Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Беларус ва доираҳои илмию фарҳангӣ, устодону донишҷӯёни тоҷику беларуси муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин намояндагони ҷамъиятҳои дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ аҳамияти таърихии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои назарраси мамлакат давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ ва марҳилаҳои асосии рушди кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ба чорабинӣ қироати шеърҳо дар васфи Тоҷикистону Ватан  дар иҷрои донишҷӯёни тоҷик ва барномаи фарҳангӣ аз ҷониби таҳсилкунандагони Коллеҷи давлатии мусиқии шаҳри Минск ва Мактаби мусиқии бачагонаи санъати № 10 ба номи Е. Глебови шаҳри Минск ҳусну шаҳомати идона бахшид.

Иштирокчиён ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Беларус баҳои баланд доданд. Иброз гардид, ки дар 30 соли муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои ду кишвар дар заминаи эҳтироми мутақобил, эътимод ва манфиатҳои муштарак пайваста рушд ёфта, соҳаҳои гуногуни ҳамкориро фаро гирифтаанд.

Иштирокчиёни чорабинӣ баргузории чунин ҳамоишро омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, густариши муколамаи фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ғании мардуми Тоҷикистон дар Беларус арзёбӣ намуданд.

 

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Беларус

Сентябрь 17, 2026 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд