Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст

Сентябрь 2, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Агар соли 1991 маҷмуи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 13,4 миллион сомониро ташкил медод, пас дар шашмоҳаи якуми соли 2026 он ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки рушди иқтисоди миллӣ чанд маротиба боло равад. Аз ҷумла, соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Ба маълумоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар семоҳаи якуми соли равон маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 8 фоиз афзоиш ёфтааст. Суръати баландтарини афзоиш дар байни давлатҳои Қирғизистон 10,1 фоиз, Узбекистон 8,7 фисад ва Тоҷикистон 8 фоизро ташкил медиҳад.


Ба таҳлили иқтисодчиён, татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» имкон медиҳад, ки то соли 2030 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта, ба 325 миллиард сомонӣ баробар гардад. Инчунин бо амалишавии «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ то соли 2030 2 баробар зиёд мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 2, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд