Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид

Сентябрь 6, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон беш  аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум  2,3 баробар зиёд мебошад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ,  ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.

Қабул ва татбиқи барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат имконият дод, ки боғдорӣ ба соҳаи муҳиму сердаромади кишоварзӣ табдил ёбад. Дар мамлакат 165 ҳазору 570  гектар боғҳои мевадиҳанда ва 36 ҳазору 435 гектар токзор мавҷуд аст.

Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул карда шудааст. Зимни амалӣ гардидани ин барнома майдони токзор бештар мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 6, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад