Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд

Сентябрь 5, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва зерсохторҳои он мукофотҳои давлатӣ супорида шуд. Мукофотҳои давлатиро дар ваъзияти тантанавӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тақдим намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар медиҳад, барои фаъолияти пурсамар, меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва тарбияи насли ҷавон 6 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 2 нафар  бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад. Мардуми  дар давоми 35-соли истиқлолият роҳи пурмашаққатро тай намуда, имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикисто

Сентябрь 5, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд