Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Сентябрь 6, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 06.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар толори IT-Парки шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ, корхонаву ташкилотҳои тобеи Хадамоти алоқа ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои алоқаи мобилӣ иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад филми кӯтоҳмуддат дар мавзуи нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ намоиш дода шуд.

Сардори Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло ва муовини якуми Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзод оид ба аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ дар рушди соҳаи алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ибрози андеша намуданд.

Инчунин дар чорабинӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода ва дигарон доир ба аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ, таҳкими давлатдорӣ ва нақши он дар рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон сухан намуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла алоқа, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инноватсия ва рақамикунонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар ин замина, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш ба як қатор кормандон барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳаи алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мукофотҳои соҳавӣ, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Хадамоти алоқа, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 6, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад