Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди давлат» конференсияи миллӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Конференсияи миллӣ бо мақсади фароҳам овардани заминаи мусоиди муколама, таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва муайян намудани роҳҳои нави ҷалби иқтидори ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба рушди устувори мамлакат гузаронида шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ оид ба масъалаҳои рушди ҳамкории давлат бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ иброз намуд, ки талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби бештари ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ барои ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, инчунин тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони тоҷикӣ равона шудаанд.
«Аз ин рӯ ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷамъиятҳои тоҷикон ҳамчун бахши муҳими ҷомеаи тоҷикон дар хориҷи кишвар метавонанд дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сармоягузории Тоҷикистон саҳми назаррас гузоранд»,– гуфта шуд дар конференсия.
Таъкид шуд, ки дар ин замина истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ, касбӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузории ҳамватанони бурунмарзӣ яке аз самтҳои муҳими густариши ҳамкории мутақобилан судманд ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории давлат бо ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар равандҳои рушди давлат, ҷалби сармоя ва технология, рушди соҳибкорӣ ва ташаббусҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён доир ба имкониятҳои истифодаи иқтидори касбӣ ва зеҳнии ҳамватанони бурунмарзӣ, ташкили механизмҳои нави ҳамкорӣ ва таҳкими робитаҳои муассир миёни онҳо ва ниҳодҳои дахлдори кишвар табодули назар карданд.
Конференсияи миллӣ дар маҷмуъ ба таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамватанони бурунмарзӣ, рушди иқтидори инсонӣ, ҷалби сармоя ва дониш, инчунин таҳкими ҳамбастагии миллӣ равона гардида, ҳамчун платформаи муҳими муколама ва ҳамкории созанда хизмат хоҳад кард.
Дар натиҷаи конференсия пешниҳод ва тавсияҳои мушаххас оид ба тақвияти ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ таҳия гардида, самтҳои афзалиятноки ҷалби онҳо ба рушди мамлакат муайян карда шуд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






