Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Тибқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногун барои фаъолияти пурсамар, меҳнати содиқона, дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар маҷмуъ, 32 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун барои дастовардҳои баланди истеҳсолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанг ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, ба соҳибони мукофотҳо медали «Хизмати шоиста», медали «Шафқат», унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки гирифтани мукофоти давлатӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихору сарфарозии ҳар шаҳрванд мебошад. Ин мукофотҳо ба шахсоне тақдим мегарданд, ки бо фаъолияти пурсамар ва меҳнати содиқона дар пешрафту ободии Ватан, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва таҳкими ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.
Қоҳир Расулзода инчунин оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, саҳми мардуми вилоятро дар рушди мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз намуд, ки чунин қадршиносӣ нишонаи таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба фаъолияти содиқонаи кормандон буда, ҳамзамон ҳар соҳибмукофотро ба меҳнати боз ҳам самаранок ва хизмати содиқона ба нафъи Ватан ҳидоят менамояд.
Сарвазири мамлакат гуфт, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи сиёсати созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат мебошанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷомеа таҳти сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат минбаъд низ саҳми арзанда гузорад.
Ҳамзамон дар идомаи маросими қадршиносӣ як гурӯҳ фаъолон ва намояндагони гуногункасби вилояти Хатлон барои саҳми муносиб дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, корҳои созандагию ободонӣ ва ҳаёти ҷамъиятии вилоят бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, 30 нафар бо медали ифтихории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва 29 нафар бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки мукофоти давлатӣ танҳо нишонаи қадршиносии хизматҳои анҷомдода нест, балки ифодаи эътимоди давлат ва масъулияти бузург барои хизмати минбаъдаи боз ҳам содиқона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






