Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид

Сентябрь 17, 2026 15:59

ТУРСУНЗОДА,17.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии тухмипарварии «Самир С»-и шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Турсунзода имсол дар 490 гектар чигит кишт намуданд. Кишти пунбадона дар зери плёнка ба 133 гектар расонида шуда, майдони боқимонда бо усули анъанавӣ кишт гардид. Дар айни замон ҳосилнокии пахта хуб буда, кишоварзон барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил талош доранд.

Пахтакорони шаҳри Турсунзода кӯшиш доранд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид пахтаро беталаф ҷамъоварӣ карда, ба корхонаҳои коркарди пахта супоранд. Бо ин амал дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини соҳаи саноати ҷумҳурӣ бо ашёи хом саҳми назаррас гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 17, 2026 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад