Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎

Сентябрь 4, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ масъалаҳои марбут ба рушд ва такмили минбаъдаи низоми рақамикунонии соҳаи энергетикаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, масъалаҳои марбут ба истифодаи самараноки технологияҳои муосири рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои иқтисоди рақамӣ дар мулоқоти муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Яҳёзода бо роҳбарият ва кормандони ҶСК «Помир Энерҷӣ» баррасӣ шуд.

‎ Таъкид гардид, ки дар низоми энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аллакай як қатор равандҳои рақамӣ ҷорӣ гардида, истифодаи технологияҳои муосир дар идоракунӣ, назорат ва хизматрасонӣ ба муштариён ба роҳ монда шудааст.

Инчунин‎, дар идомаи сафари корӣ муовини вазир бо фаъолияти НБО «Себзор» (11 МВт) шинос гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд