Дар Корея рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2026/АМИТ «Ховар»/. Дар Сеул ҷаласаи нахустини вазирони рақамии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби «C5+1» таҳти унвони «Ояндаи ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, илм ва технология» баргузор гардид, ки дар он директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷаласа Хуршед Мирзо иқтидор ва афзалиятҳои Тоҷикистонро дар рушди зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ муаррифӣ намуда, омодагии кишварро барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла бо Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар самтҳои омодасозии кадрҳои баландихтисос, таҳқиқоти муштарак, рушди инфрасохтори рақамӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ таъкид намуд.
Дар ин замина, Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ барои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе метавонад ба ҳайси платформаи минтақавии муштарак барои омӯзишу такмили ихтисос, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ нақши муҳим дошта бошад.
Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология, омодасозии насли нави мутахассисони касбӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои васеъ барои ҳамкории муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ бо ширкатҳои технологӣ ва стартапҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






