Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд

Сентябрь 8, 2026 11:41

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба сохтмони хати нави технологии коркарди нафт дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Салоса» бо иқтидори 50 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар як сол санги асос гузошта шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта шуд, ки дар айни замон корхона асосан ба истеҳсоли битуми хушсифат барои соҳаи роҳсозӣ машғул мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани хати нави технологӣ ва насби таҷҳизоти муосир дизел ва бензин низ истеҳсол шуда, номгӯйи маҳсулоти истеҳсолшаванда васеъ мегардад.

‎‎Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Салоса» яке аз корхонаҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз соли 2003 инҷониб дар самти истихроҷ ва коркарди нафт фаъолият мекунад. Ҳоло дар корхона беш аз 100 мутахассиси ватанӣ бо кор таъмин мебошанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2026 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад