Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабию фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги суханварӣ дар шаҳри Душанбе байни кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз таърихи куҳан то фардои дурахшон» маҳфили илмӣ-фарҳангии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маҳфил роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ тавассути қироати осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҷаҳони пурғановати ҳамосаи миллӣ рӯ оварданд. Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода доир ба аҳамияти ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдими «Шоҳнома» ба ҳар хонадони тоҷик сухан намуда, нақши ин асари безаволро дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои маънавӣ баланд хонд.
Дар идомаи маҳфил иштирокдорон аз достонҳои гуногуни «Шоҳнома» порчаҳо қироат намуда, мазмуну муҳтавои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва инсонгароёнаи онҳоро тавзеҳ доданд. Ҳамзамон кормандони Осорхонаи миллӣ бо пешниҳоди намоишномаи театрӣ бархе аз достонҳои ҳамосаи Фирдавсиро ба саҳна оварданд.
«Шоҳнома» ҳамчун ганҷинаи бузурги хирад, далерӣ, адолат ва ватандӯстӣ давоми садсолаҳо ҳофизаи таърихӣ ва арзишҳои маънавии мардумро ҳифз намудааст. Аз ин рӯ, шиносоии насли имрӯз бо ҷаҳони пурғановати он на танҳо арҷгузорӣ ба мероси гузашта, балки пайванди маънавии дирӯз, имрӯз ва фардост.
Дар анҷоми маҳфили адабӣ таъкид шуд, ки омӯзиш, қироат ва тарғиби осори ҷовидонаи «Шоҳнома» метавонад дар таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ, таҳаммулгароӣ, ватандӯстӣ ва сулҳпарварӣ байни наслҳо нақши муҳим дошта бошад.
Зеро, ба қавли шоир:
Ҳар он кас, ки «Шоҳнома»-хонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






