ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид

Сентябрь 4, 2026 14:46

РОҒУН, 04.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирию ғамхорӣ нисбат ба ятимон ва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хонаи бачаҳо ва Мактаб-интернати шаҳри Роғун барномаи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш роҳбарияти шаҳри Роғун ба хонандагони ятим либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуда, дар сари хони идона бо онҳо суҳбати самимӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, дастгирии кӯдакону наврасон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бояд гуфт, ки соҳибкорони бонангу номуси шаҳр бинои нави Хонаи бачаҳои шаҳри Роғунро азнав бунёд карданд, ки дар он барои хонандагони ятим беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Хонандагони муассисаи мазкур ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳри Роғун ва сарпарасти ин муассиса- Неругоҳи барқи обии «Норак» қарор доранд.

Кӯдакону наврасони ятим барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба Ҳукумати мамлакат, хосса ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамгардида бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи Ватан ба ҷомеа хизмат менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Сентябрь 4, 2026 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа