Дар Сеул байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2026/АМИТ «Ховар»/. Дар Сеул байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) Шартномаи дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Санади мазкур дар доираи Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор — GICC 2026 дар шаҳри Сеул ба имзо расонида шуда, тибқи он идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан густариш медиҳанд.
Инчунин дар Сеул мулоқоти сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоалӣ Комил бо роҳбари Корпоратсияи роҳи оҳани Корея (KORAIL) ҷаноби Ким Тхе Син баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи роҳи оҳан, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва омода намудани мутахассисонро баррасӣ намуданд.
АКС: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»









Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






