Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд

Сентябрь 17, 2026 11:07

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳам дар бораи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва инноватсия ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар асоси ин санад Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, саноати нассоҷӣ -аз коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, пиллапарварӣ, коркарди пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, саноати кӯҳӣ, мошинсозӣ, саноати кимиё ва технологияҳои нав ба роҳ монда, тақвият медиҳанд.

Инчунин ду давлат дар асоси Ёддошти тафоҳум имкон доранд, ки ҳамкориро дар самти ашёи хом ва ҳамкории техникӣ дар бахшҳои коркарди саноати сабук, аз ҷумла нассоҷӣ, коркарди пӯст ва пиллапарварӣ, инчунин мубодилаи иттилооти ошкорои илмӣ ва техникӣ ва технологияҳои инноватсионӣ густариш диҳанд.

Дар доираи Ёддошти тафоҳум таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи зеҳни сунъӣ (AI) барои истифода дар бахши саноат, аз ҷумла гузаронидани таҳқиқоти муштарак, мубодилаи дониш ва таҷриба, ҳамоҳангсозии стандартҳо ва мусоидат ба рушди ҳалли масъалаҳо дар асоси зеҳни сунъӣ мутобиқи чаҳорчӯбаҳои идоракунии зеҳни сунъӣ байни ду давлат ба роҳ монда мешавад. Имзои ин санад ҳамзамон ба таъсиси корхонаҳои муштарак, татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъминоти таҷҳизот ва технологияҳои коркард мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2026 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст