Дар шаҳри Абу Забӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 27, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абу Забӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҳамбастагӣ бо Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Дубай чорабинии тантанавӣ ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар чорабинӣ Вазири энергетика ва инфрасохтори Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл ибни Муҳаммад Ал Мазруӣ, аъзоёни Шурои миллии федералӣ (Парлумон), намояндагони воломақоми вазорат, мақомот, ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Амороти Муттаҳидаи Араб, роҳбарони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқим, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни диаспораи тоҷикон, соҳибкорон, донишҷӯён, варзишгарон, ходимони илму фарҳанг, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шарикони рушд ширкат варзиданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов зимни  суханронӣ саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, ноилгардӣ ба дастовардҳои даврони соҳибихтиёрӣ, пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ ва афзоиши мақому эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалиро муҳим арзёбӣ намуд.

Бо мақсади пешбурди афкори ватандӯстӣ, ҳувиятсозӣ, худшиносӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии ниёгон, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ дар чорабинӣ намоишҳои мусаввараҳо ва наворҳои таблиғотӣ, хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, анвои гуногуни меваҷоти тару тоза ва мағзу донагӣ, барномаи рангини консертӣ бо баромади ҳунармандони санъату мусиқӣ ва намоиши либосҳои миллӣ пешкаши меҳмонон шуданд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Сентябрь 27, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд