Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд

Сентябрь 8, 2026 10:42

ДУШАНБЕ, 08.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара гузашти ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Гузашти низомӣ бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  собиқадорон ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ баргузор шуд.

Раиси шаҳри Исфара Шарифҷон Ҷумъазода гуфт, ки  яке аз дастовардҳои муҳимтарини замони истиқлол таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят сангини сиёсиву иқтисодӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузорӣ шуда, имрӯз ба сохтори муназзам, пурқудрат ва кафили боэътимоди амнияту тамомияти арзии кишвар табдил ёфтааст.

Таъкид гардид, ки дар даврои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза пайдо карданд. Садҳо корхонаю муассисаҳои нав ба кор шуруъ намуда, аксар бино ва иншооти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амният, соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш бунёду навсозӣ гардиданд. Дар ҷумҳурӣ садҳо майдонҳои варзишии хурду бузург, боғу гулгаштҳо бунёд гардидаанд, ки ҳамаи ин самараи истиқлолияти давлатӣ мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Сентябрь 8, 2026 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид