Дар шаҳри Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор шуд

Сентябрь 17, 2026 09:12

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябри соли 2026 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум зиёда аз 250 иштирокчӣ, аз ҷумла 200 нафар соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея иштирок намуда, ба онҳо имконоти сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Дар доираи форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода оид ба имконоти сармоягузории кишвар ва дурнамои густариши ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Корея сухан гуфт.

Ҳамчунин имконоти мамлакат дар соҳаҳои саноат ва коркарди маъдан, энергетикаи «сабз», технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, маориф ва сайёҳӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар фарҷоми форум якчанд санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди ҳамкории мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Корея мусоидат менамоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2026 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид