Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» дар вилоят – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт – бо иқтидори 250 мегаватт ба анҷом расонида шуд. Ин иншооти муҳим ду рӯз пеш ба фаъолият оғоз кард, ки барои рушди минбаъдаи соҳа ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия заминаи мусоид фароҳам меоварад».
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушди инфрасохтори энергетикии вилояти Суғд ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодӣ бо неруи барқ як қатор лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ амалӣ гардиданд. Дар натиҷа шабакаҳои барқии ҷануб ва шимоли мамлакат тавассути хатти интиқоли барқи 500-киловолта ба ҳам пайваст гардида, низоми ягонаи энергетикии кишвар таъсис дода, амнияти энергетикии мамлакат таҳким бахшида шуд.
«Лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб – Шимол» ба масофаи 264 километр, инчунин, зеристгоҳҳои барқии «Душанбе – 500» ва «Суғд – 500» ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ амалӣ гардид.Ин кор дар рӯзҳое амалӣ гардид, ки хавфи умуман бе барқ мондани вилоят ба вуҷуд омада буд. Дар 15 соли охир дар соҳаи энергетикаи вилоят 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5,4 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Аз ҷумла барқарорсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум», сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ ба таҳкими иқтидори энергетикии вилоят мусоидат намуд»,-хотирнишон намуданд Роҳбари давлат.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи таҷдиди неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ҳамаи 6 агрегат пурра иваз гардида, иқтидори истеҳсолии он аз 126 ба 174 мегаватт расонида шуд. Ҳамчунин, бунёди хатҳои интиқоли барқи «Қайроққум – Ашт» ва «Қайроққум – Суғд» имконият фароҳам овард, ки таъминоти барқ дар минтақа боз ҳам беҳтар шуда, барои рушди истеҳсолот ва содироти неруи барқ шароити мусоид муҳайё гардад.
«Илова бар ин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 74 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии беш аз 8900 киловатт бунёд карда шуд. Ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар, аз ҷумла васеъсозии зеристгоҳи «Суғд – 500» ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ идома дорад, ки ба рушди минбаъдаи инфрасохтори энергетикии вилоят мусоидат менамояд»,-тазаккур доданд Президенти мамлакат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд






