Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд

Сентябрь 2, 2026 08:27

ДУШАНБЕ, 02.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябр Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Эрон нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон хабар медиҳад, дар нишаст Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ фидокорию ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар солҳои аввали истиқлол, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва густариши раванди созандагиву бунёдкорӣ давоми 35 соли Истиқлоли Тоҷикистон таъкид кард.

Ба таваҷҷуҳи хабарнигорон дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар даврони истиқлол дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ расонида шуда, нақши сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои маънавии давлатдории муосири тоҷикон, густариши худшиносии миллӣ ва тақвияти ҳофизаи таърихии миллати тоҷик шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар идомаи нишаст сиёсати хориҷии дарҳои бози Пешвои миллат чун дастоварди назарраси даврони истиқлол муаррифӣ гардида, аҳамияти ибтикороти байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масоил ва мушкилоти ҷаҳони муосир, бахусус дар соҳаҳои обу иқлим, муҳити зист ва муқовимат бо таҳдиду хавфҳое, ба мисли терроризму ифротгароӣ таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи вижа ба Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)», ки бо пешниҳоди Пешвои миллат 25 июни соли 2026 ба тасвиб расид, зоҳир гардид. Ин ташаббус идомаи мантиқии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти тарғиби фарҳанги сулҳ, таҳкими эътимоди байналмилалӣ ва густариши ҳамкории созандаи байни давлатҳо арзёбӣ гардид.

Бахше аз нишасти матбуотӣ ба рушду тавсеаи ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Эрон бахшида шуда, равобити гуногунҷанбаи ду кишвари дӯсту ҳамзабон яке аз самараҳои Истиқлоли Тоҷикистон унвон гардид.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Сафири Тоҷикистон ба саволҳои сершумори намояндагони воситаҳои ахбори оммаи эронӣ доир ба ҷанбаҳои гуногуни сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории он бо Ҷумҳурии Исломии Эрон посух дод.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сентябрь 2, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст