Дар Теҳрон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид

Сентябрь 23, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар шаҳри Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти  давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, аҳли илму фарҳанги кишвари иқомат ва ҳамватанон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ аҳаммияти таърихии Истиқлолияти давлатиро ба унвони бузургтарин неъмате, ки ба мардуми Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 насиб гашт, тазаккур дода, таъкид кард, ки «ин рӯз дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, зеро мардуми тоҷик пас аз мурури ҳазор сол аз давлати Сомониён, ки нахустин давлатдории миллии тоҷикон дар масири таърих ба шумор меояд, имкони муҷаддади таъсиси давлати миллии худ ва таъйини сарнавишташонро бо иродаи худ пайдо карданд».

Сафир ҷоннисориву фидокориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурӯ нишондани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва  таъмини сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат, ҳамчунин нақши сарнавиштсози Пешвои миллатро дар таъсис ва рушду таҳкими давлатдории миллӣ дар Тоҷикистони муосир баён намуд.

Дар идома бо ишора ба дастовардҳои бузурги раванди бунёдкориву созандагӣ дар Тоҷикистон Сафир изҳор кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат Тоҷикистон давоми 35 соли истиқлол аз як кишваре, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ осеби шадид дида, дар вартаи фано қарор дошт, ба давлати устувору босуботи рӯ ба рушди пойдор, кишвари фаъол дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳони имрӯз ва соҳиби мақому манзалат дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.

Сафир яке аз самараҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлолро рушду тавсеаи ҳамкории ҳамаҷониба бо кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон номид. Таъкид карда шуд, ки бо талоши ду ҷониб ҳамкориву ҳамёрии Тоҷикистону Эрон бар пояи пайвандҳои забонӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ имрӯз густариши тамом пайдо кардаанд.

Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон — Вазири неру Аббоси Алиободӣ сухан намуда, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро бо ин ҷашни фархунда самимона шодбош гуфт. Ӯ пайвандҳои амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду миллатро таъкид намуда, ба рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баҳои баланд дод.

Пас аз анҷоми қисми расмии чорабинӣ ба меҳмонон барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Дар доираи чорабинӣ Сафорат намоишгоҳи китобҳои Пешвои миллат, ҳунарҳои мардумӣ, аксҳои зебо ва ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҳамчунин гӯшаи неъматҳои табиати диёри тоҷикон, аз ҷумла ангури шаҳдбор, меваҷоти хушк ва нони миллиро ташкил намуд, ки онҳо мавриди таваҷҷуҳи  меҳмонони чорабинӣ қарор гирифтанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сентябрь 23, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд