Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад

Сентябрь 23, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 23.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. То 11 сенятябр дар Тоҷикистон 326 ҳазору 558 тонна мевагиҳо ҷамъоварӣ гардидаанд, ки 85 ҳазору 668 тоннаи онро ангур ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ 165 ҳазору 570 гектар боғҳои мевадиҳанда ва 36 ҳазору 435 гектар токзор мавҷуд аст. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид, ки нисбат ба соли 1991 2,3 баробар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул карда шуд. Зимни амалӣ гардидани ин барнома майдони токзор бештар мегардад. Қабул ва татбиқи барномаҳои рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат имконият дод, ки боғдорӣ ба соҳаи муҳиму сердаромади кишоварзӣ табдил ёбад.

Имрӯз ангурпарварони мамлакат дар баробари ба бозори истеъмолӣ ба фурӯш баровардани он инчунин ба захира ва хушк намудани ангур машғул мебошанд.

Мутахассисон иброз медоранд, ки ангурро метавон дар хонаҳои махсус барои зимистон ва баҳор низ нигаҳ дошт. Дар деҳаҳои шимоли водии Ҳисор, ки мардумаш ба ангурпарварӣ зиёд шуғл доранд, ангурро моҳи октябр, пеш аз сардиҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳар ҳавлии боғдорон ҳуҷрае бо номи «ангурхона» мавҷуд аст, ки дар он хӯшаҳои ангурро ба торҳои аз шифт ба поён овезон мебанданд. Пеш аз он ки ангурро ба шифти хона овезанд, аввал дар Офтоб чанд соат мегузоранд, то думчаи тараш пажмурда шавад.

Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд: пешпазак — чиллагии сафед, зарифӣ, ҳисории пешпазак; миёнапазак — кишмиши сиёҳ, кишмиши хушрӯ, кишмиши сафед, ҳусайнии сафед, қароҷанҷол, султонӣ, шакарангур, анзоб; миёнапазак — тоифии сурх, нимранг; шаробӣ — саперавӣ, ркатсителӣ, мускати сурх, тавкверӣ, тербаш, тагобӣ, морастел, рислинг, алиатико, алиготе, расмӣ, кӯлҷонӣ, пинос, сиёҳ ва ғайра.

Боғдорӣ яке аз сердаромадтарин соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 23, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад