Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пахта бо маром идома дорад

Сентябрь 15, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони мамлакат то 14 сентябри соли равон 39 ҳазору 190 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Барои ҷамъоварии пахта наздики 70  ҳазор  нафар  чинакчиён ба кор сафарбар гардидаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  доданд.

Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияҳо ва вилоятҳо вазифадор гардидаанд, ки дастранҷи марди деҳқонро беталаф  ҷамъоварӣ  намоянд.

Соҳаи   пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Тибқи таҳлили иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400 метри мураббаъ матоъ ва тақрибан 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбад, аз 34 то 40 фоиз баромади нах дорад.

Тибқи нақша, соли равон кишоварзони Тоҷикистон беш аз 394 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Соли 2025 нақшаи ҷамъоварии пахта 390 ҳазор тонна пешбинӣ гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 нақшаи кишти пунбадона 186 800 гектарро ташкил медод.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 15, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд