Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид

Сентябрь 5, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор намуд, ки барои миллати куҳанбунёди тоҷик Истиқлоли давлатӣ арзиши бебаҳо ва неъмати бузурги таърихӣ аст, ки заминаи устувори соҳибихтиёрӣ, рушди мустақили сиёсию иҷтимоии кишвар, эҳёи арзишҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи наву пешрафтаро фароҳам сохт.

«Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти дипломатияи тоҷик дар замони Истиқлоли давлатӣ, пешбурди ташаббусҳои бунёдгузори дипломатияи муосири тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти байналмилалӣ, бахусус дар соҳаи обу иқлим, муҳити зист ва муқовимат бо таҳдидҳои замони муосир мебошад»,-афзуд Сироҷиддин Муҳриддин .

Сипас маросими сарфарозгардонии як қатор кормандони соҳаи сиёсати хориҷӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои дипломатӣ тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ иштирок намуд.

Дар фарҷом маросими савгандёдкунии кормандоне, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ қабул шудаанд, баргузор гардид.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 5, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд