Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд

Сентябрь 5, 2026 11:35

ДУШАНБЕ, 05.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба 38 нафар намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ медали «Хизмати шоиста», ба 8 нафар медали «Шафқат», ба 16 нафар медали ҷашнии «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  ба 7 нафар «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 1 нафар унвони «Донори ифтихории Тоҷикистон» супорида шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилояти Суғдро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ мебошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат гирифта, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Иброз шуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  дар саросари мамлакат бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил мегардад. Дар ин раванд саҳми сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла аҳли илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмон, соҳибкорӣ, истеҳсолот ва хизматчиёни давлатӣ назаррас мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 5, 2026 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад