Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад

Сентябрь 2, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 02.09.2026/АМИТ «Ховар»/. 5 сентябр дар Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе дар иртибот ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон гардидани 31 август, ки дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, Фестивали кушоди шаҳрии зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ – «AI ALLEY» ё «Хиёбони зеҳни сунъӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Фестивал бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он рушди маърифати рақамӣ, ҷалби ҷавонон ба технологияҳои муосир ва фароҳам овардани майдони муносиб барои муаррифии роҳҳалҳои инноватсионӣ мебошад.

Дар фестивал ширкатҳои IT, стартапҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои технологияҳои иттилоотӣ ва таҳиягарон иштирок намуда, таҷриба ва маҳсулоташонро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ муаррифӣ мекунанд. Барномаи фестивал намоиши технологияҳо, дарсҳои маҳорат, маърузаҳои кӯтоҳ, машғулияти амалӣ, озмунҳо ва барномаҳои интерактивиро дар бар мегирад.

Фестивал 5 сентябр, аз соати 17:00 то 22:00 идома ёфта, сокинону меҳмонони пойтахтро бо имконоти навтарини зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ шинос мекунад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 2, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард