Эмомалӣ Раҳмон: «Дар бист соли охир суръати солонаи рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 7,8 фоизро ташкил дод»

Сентябрь 17, 2026 10:44

ДУШАНБЕ, 17.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар бист соли охир суръати  солонаи рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин гардидааст. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябр зимни суханронӣ дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея.

«Солҳои охир мо барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогирро амалӣ намудем»,– изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки танҳо соли 2025 ба иқтисоди миллии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз ҳафт миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат мавриди татбиқ қарор доранд.

«Қонунгузории мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯй кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукии андозиву гумрукиро муқаррар намудааст», — тазаккур доданд Сарвари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2026 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид